ШУМОРАИ 108-УМИ БЮЛЛЕТЕН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19 ДАР ИДМ БА НАШР РАСИД. Бахш оид ба Тоҷикистон аз маводи АМИТ «Ховар» иборат аст
ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии 108-уми бюллетени иттилоотӣ «Дар бораи чораҳои мубориза бо коронавирус дар кишварҳои ИДМ», ки аз ҷониби Департаменти иттилоотӣ-таҳлилии Кумитаи Иҷроияи ИДМ нашр шудааст, ба тасвиб расид. Дар он оид ба тадбирҳои андешида дар давраи 22-28 апрели соли 2022 гузориш дода шудааст.
Қисмати ба Тоҷикистон бахшида аз иқтибосҳо аз ду маводи АМИТ «Ховар» иборат аст.
Ҳамин гуна, дар он порчае аз маводи нашрнамудаи сомонаи мо оварда шудааст:
«Тоҷикистон беш аз 14,5 миллион ваксинаҳо бар зидди COVID-19 қабул намуд», аз 23 апрел:
«Зиёда аз 14,5 миллион ваксинаҳо бар зидди коронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон дар доираи механизми глобалии COVAX ва ҳамчун кумаки башардӯстона дастрас карда шуданд. Дар кишвар тамғаҳои ваксинаҳое, ба мисли AstraZeneca, CoronaVak, Moderna, Pfizer ва Sputnik V» ворид шудаанд».
«Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор мегардад», аз 24 апрел:
Ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия аз 24 то 30 апрел доир карда мешавад, ки мақсади асосии он баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад. Ваксинагирии аҳолӣ имкон дод, ки дар мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон натиҷаҳои хуб ба даст оварда шаванд. То 27 апрел дар Тоҷикистон 5 миллиону 210 ҳазору 943 нафар шаҳрвандон бар асоси нақшаи пешбинишуда алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд. Марҳилаи дуюми онро то ин сана 5 миллиону 53 ҳазору 778 нафар (90,3%) гирифтаанд. Дар давраи сеюми ваксина 2 миллиону 19 ҳазору 226 шаҳрванди кишвар (36,1%) эмгузаронӣ шудаанд.
АКС: скриншоти муқоваи бюллетен








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






