Sputnik: Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд гардиши молро ба 1 миллиард доллар расонанд

Май 16, 2022 11:50

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон зимни суханронӣ дар бораи шарикии  тиҷоратию иқтисодӣ зарурати иҷрои дастурҳои президентони  ду кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро дар бораи солҳои наздик расонидани ҳаҷми муомилоти мол ба 1 миллиард доллар таъкид намуданд. Тавре агентии русии Sputnik бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ медиҳад, дар ин бора 13 май зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе сухан гуфта шуд.

Ҷонибҳо ҳамкории давлатҳоро дар бахшҳои сиёсат, нақлиёт, фарҳанг ва ҳамчунин иқтисоду тиҷорат баррасӣ карданд.

Илова бар ин, Узбекистон ва Тоҷикистон тасмим гирифтаанд ҳамкориро дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ густариш диҳанд — сухан инчунин дар бораи чорабиниҳои муштараки ду кишвар дар чаҳорчӯби 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ меравад.

Дар мавриди ҳамкории сиёсӣ ҷониби Тоҷикистон ба раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баҳои баланд дод. Тоҷикистон иштироки худро дар нишасти қарибулвуқӯи СҲШ дар Самарқанд тасдиқ намуд, хабар додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Иштироккунандагони нишаст бояд 35 ҳуҷҷатро баррасӣ намоянд. Тавре моҳи марти имсол маълум гардид, 7-тои онҳо аллакай дар сатҳи коршиносон ба мувофиқа расидаанд.

АКС: NovaPress

Май 16, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид