СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. Имрӯз бозии «Истиқлол» ва «Хуҷанд» барои дарёфти Ҷом баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 май, дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022 бо иштироки Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва барандаи нишонҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон — дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин сенздаҳумин Суперҷоми Тоҷикистон хоҳад буд. Суперҷоми кишвар аз соли 2010 баргузор мешавад. Барандаи даҳкаратаи ҷом «Истиқлол»-и Душанбе аст, ки солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2021 соҳиби ҷоиза шуда буд. Суперҷоми соли 2013 насиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ва соли 2017 «Ҳосилот»-и Фархор гардид.
Қаблан «Хуҷанд» дар бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон бо «Истиқлол» чаҳор бор вохӯрда, дар ҳамаи бозиҳо ноком шуда буд.
«Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):
- «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
- «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
- «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. (пен.4:3)
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0
- «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) — ?
Акс: ФФТ








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






