Тоҷикистон ва UNODC ба роҳ мондани ҳамкориро дар мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм баррасӣ карданд

Май 21, 2022 11:13

ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 май вохӯрии роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Александр Водяной баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар  самти мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм муколамаи судманд анҷом дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои минбаъда дар ин самт омодагии худро баён карданд.

Таъкид гардид, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бемайлони робитаҳо бо UNODC дар Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса дода, дар ҳамбастагӣ як қатор чорабиниҳои мақсаднокро роҳандозӣ намудааст.

Изҳори умед карда шуд, ки вохӯрии доиргардида барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Аз соли 1993 бо оғози фаъолияти Намояндагии минтақавии UNODC бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ шурӯъ шуд.

Созмони мазкур дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории байналмилалӣ дар ҷаҳон пешсаф буда, дар тамоми манотиқи олам тавассути шабакаҳои васеи дафтарҳои саҳроӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст.

UNODC дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барномаву тарҳҳои худро роҳандозӣ менамояд, ки ҳамаи онҳо ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ ва қочоқи одамон, табобати нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд.

Созмони мазкур дар Тоҷикистон як қатор барномаву лоиҳаҳоро, аз қабили лоиҳаи “Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон”, лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи II”, Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019, 2022-2025), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайраро амалӣ менамояд.

Намояндагони кишвар дар ҳама чорабиниҳои ин созмон, аз ҷумла вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, семинару тренингҳо ва амалиётҳо пайваста фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз чорабиниҳое, ки ҳамасола Вазорати корҳои хориҷӣ муштаракан бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC баргузор менамояд, муаррифии Шарҳи вазъи маводи мухаддир тайи ҳар соли сипаришуда мебошад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2022 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст