Тоҷикистон ва Узбекистон таҳкими ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Тошканд Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо раиси Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Узбекистон Нарзулло Обломуродов мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ ва дурнамои рушди онро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муҳокима намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳтти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мақсади иштирок дар нишасти роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои СҲШ дар Ҷумҳурии Узбекистон қарор дорад.
Интизор меравад, ки дар нишасти Тошканд роҷеъ ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим, аз қабили мониторинги муҳити зист, гуногунии биологӣ, ҳифзи манотиқи табиӣ, рафъи таъсири тағйирёбии иқлим, ҳамкории илмию техникӣ, идораи партовҳои сахт ва рушди тавонмандӣ, баланд бардоштани иқтидори мутахассисон табодули афкор сурат гирад.
Инчунин дар анҷоми ҷаласаи вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ тасдиқи Барномаи муштараки таъсиси Платформаи ягонаи табодули иттилооти экологии СҲШ дар назар аст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд






