Ҳунармандони тоҷик дар аввалин Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷоизаҳои махсус гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар аввалин Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ, ки аз 21 то 25 май дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён гирифт, се нафар ҳунармандони тоҷик ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар фестивал ҷойи ифтихорӣ бо маблағи 1300 доллари ИМА насиби зардӯз Салима Каримова ва ду ҷоизаи махсуси дигар бо маблағи 500- долларӣ насиби тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов ва ширкати ООО «Рухом» гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур беш аз 200 меҳмони хориҷӣ аз 58 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 112 ҳунарманд, 9 меҳмони фахрӣ, 4 ходими олии давлатии хориҷӣ ширкат доштанд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин фестивал намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоҳои заргар Дилмурод Шарифов, Малика Ҷӯраева, Кристина Илёс, зардӯзон Нарзӣ Қаландарова, Салима Каримова ва Наима Бобоева, инчунин намояндагони маркази ҳунармандии «Деҳаи гулзор» муаррифӣ намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?






