30 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи иқдомҳои иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ хобгоҳи №1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, баъд аз таъмири асосӣ барои 30 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар маросими супоридани хонаҳои истиқоматӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Насиба Содиқӣ, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдулхолиқзода, Ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, намояндагони ҲХДТ ва масъулони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Муовини Сарвазири мамлакат М. Сатториён бошандагони хобгоҳро табрик намуда, афзуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои муаззами миллат қарор гирифтааст ва дастгирии ин қишри ҷомеа зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.
Зимнан гуфта шуд, ки табдил додани хобгоҳи мазкур ба бинои истиқоматӣ ва супоридани ҳуҷраҳои он ба омӯзгорон ва кормандони ҷавони донишгоҳ ҳамчун дастгирии навбатии Пешвои муаззами миллат дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи вижаи роҳбарияти олии кишвар ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Имрӯз донишгоҳ ба ҳайси муассисаи таълимии бунёдии кишвар дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ саҳми назаррас дорад. Ҳоло дар донишгоҳ мутахассисони варзида, аз ҷумла ассистентон, муаллимони калон ва як зумра омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти таълимию методӣ, инчунин илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд, ки дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ набуданд. Бо ин мақсад баъд аз таъмири асосии хобгоҳ ва навсозии он раёсати донишгоҳ барои 30 нафар омӯзгорон ва кормандони ҷавон хонаҳои хизматиро барои истифода омода намуд.
Хобгоҳи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт воқеъ буда, соли 1976 дар масоҳати умумии 1788,0 метри мурабаъ сохта шуда, то оғози соли 2022 ҳамчун хобгоҳи донишҷӯён фаъолият намудааст.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини иҷтимоии донишҷӯён дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои хобгоҳи иборат аз 12 ошёна барои зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ сохта ба истифода дода шуд (22.01.2021). Баъдан донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи №1 истиқомат менамуданд, ба хобгоҳи нав кӯчонида шуданд.
Хобгоҳи мазкур аз 4 ошёна иборат буда, мувофиқи хулосаи ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП» — «Оид ба санҷиши ҳолати техники иншоот», ки дар таърихи 26.06.2021 дода шудааст, сифати бинои мазкур ба талаботи меъёри сохтмон ҷавобгӯ буда, табдил додани он аз бинои хобгоҳи донишҷӯён ба ҳуҷраҳои истиқоматии омӯзгорон баъди навсозӣ имконпазир аст. Қобили тазаккур аст, ки бинои хобгоҳ минбаъд хусусӣ гардонида нашуда, ҳамчун хобгоҳи хизматии омӯзгорону кормандон дар тавозуни донишгоҳ нигоҳ дошта мешавад.
Дар маросими баистифодадиҳии хобгоҳи мазкур меҳмононро намояндагони донишгоҳ самимона истиқбол гирифта, дар саҳни хобгоҳ аз ҷониби фарзандони истиқоматкунандагон шеърҳо қироат шуданд. Баъдан меҳмонон аз чанд хонаҳои истиқоматӣ боздид намуда, ба шарту шароитҳои ҳуҷраҳо ва корҳои навсозӣ баҳои баланд доданд.
Дар саҳни бинои мазкур дар фазои тантанавӣ калиди хонаҳо ба истиқоматкунандагон супорида шуд ва онҳо барои дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иқдоми неки роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ изҳори сипос намуданд.
Акс: ДМТ