РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон фестивали об баргузор мегардад

Июнь 6, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад. Ин иди арҷгузорӣ ба об ҳамчун асоси ҳаёт, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор хоҳад буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивал дар чорчӯбаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир карда мешавад.

Фестивали оби Душанбе аз панҷ бахш иборат буда, дар барномаи он намоиши ҳунарҳои дастӣ ва эҷодиёти мардумӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ, таомҳои миллӣ, барномаи консертӣ бо иштироки устодони варзидаи санъати кишвар ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ карда шудаанд.

Ҳадафи аслии фестивали оби Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи арзиши об ҳамчун манбаи ҳаётан муҳим, эҳтиром ва ҳифзи он барои наслҳои оянда хоҳад буд. Фестивал дар баробари паёмҳои мусбӣ, мушкилоти мавҷудбуда ва зарурати сафарбар кардани саъю кӯшишро барои рафъи онҳо нишон медиҳад.

Мақсади дигари ин ҷашнвора намоиши сиёсат ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конфронси оби СММ, ки соли 2023 таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мегардад, мебошад.

Фестивал аз соати 18:30 то 21:00 идома ёфта, ба меҳмонон-иштирокчиёни конфронс имкони хуб фароҳам меорад, ки бо таърих, фарҳанг, санъат, анъанаҳои неки мардуми тоҷик ошно шаванд ва ҳамзамон фароғати гуворо дар фазои дӯстона ва идона дошта бошанд.

Пайрав ҚОСИМ
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд