Ҳайати Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вохӯрӣ намуд

Июнь 30, 2022 09:06

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва узвияти муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус дар Лисcабон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин мулоқот кард. Дар ин ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнминро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ба Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии Созмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карданд.

Қабули ҳашт қатъномаи марбут ба об бо иттифоқи онро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмон, ташкил ва баргузории Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” натиҷаи неку назарраси ин ҳамкорӣ номида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сатҳи баланд оид ба масоили об дар Душанбе ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои “Рӯзномаи 2030 барои рушди устувор”, вусъати амалҳо ва шарикии кишварҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар қолаби Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Рӯзномаи Амали Аддис-Абеба, Созишномаи Париж ва Барномаи нави шаҳрҳо мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масоили иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии он, афзоиши аҳолӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза ва ҷалби маблағҳо ба ин самт муҳокима гардид.

Ҷонибҳо дар бораи ҳалли мушкилоти тағйирёбии даври гидрологӣ, истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, обхезиву хушксолиҳо, амнияти озуқаворӣ ва обшавии пиряхҳо табодули андеша карданд.

Дар мулоқот атрофи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, инчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 30, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд