Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Найробӣ иштирок дорад

Июнь 23, 2022 09:47

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 4-ми Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-4), ки аз 21 то 26 июни соли 2022 дар шаҳри Найробии Кения баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи чорабинии мазкур дастгирии ҷонибҳои Конвенсия ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар мубоҳисаҳо ва гуфтушунидҳои онҳо дар ҷаласаи чоруми Гурӯҳи корӣ (WG2020-4) мебошад.

Чаласа таҳти роҳбарии Котиби иҷроияи Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз гардида, масъалаҳои марбут ба чорчӯбаи мониторинги иттилоотӣ; маълумоти илмӣ дар бораи ҳадафҳо ва мониторинг ҷиҳати дастгирии гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯбаи гуногунии биологии глобалӣ пас аз соли 2020, дурнамо оид ба дастгирии гуногунии биологии GEF-8, Стратегияи гуногунии биологии GEF-8 ва аз Шарм-эл-Шайх то Кунмин, барномаи амал барои табиат ва инсон — гузаштан аз уҳдадориҳои гуногунии биологӣ ба татбиқи иқтисодиёти воқеӣ баррасӣ  гардиданд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2022 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд