Ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ изҳор доштанд.
Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки масъалаи густариши робитаҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Узбекистон дар авлавияти сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Зимнан, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иброз дошт, ки айни ҳол дар минтақа ва ҷаҳон хатару таҳдидҳо афзоиш ёфта истодаанд ва ин раванд марказҳои зеҳнӣ ва муассисаҳои илмии кишварҳои моро водор менамояд, ки баҳри ҳифзи суботу амнияти минтақа, пешгирии хатару таҳдидҳо ва пешбурди ҳадафҳои муштарак ҷиҳати расидан ба рушди устувор ба ҳамкории илмӣ ва оянданигарӣ тақвият бахшанд.
АКС: МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






