«АСАРҲОИ РАССОМӢ ДАР МАВЗӮИ ОБ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин мусаввараҳо ба тамошо гузошта шуданд

Июнь 2, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Асарҳои рассомӣ дар мавзӯи об» беҳтарин мусаввараҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба тамошо гузошта шуданд, иттилоъ доданд ба  АМИТ «Ховар» дар  ин муассиса.

Дар намоишгоҳ асарҳои  офаридаҳои Бахтиёр Одинаев «Дарёи Зарафшон», Хушбахт  Хушвахтов «Оромӣ», Янтобе Мамадқулов «Кӯли Сарез», Зиёратшо Довудов «Дарвоз», Сабзалӣ Шарипов «Ҳушёрӣ» ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Мусаввараҳои ин намоиш бинандаро бо дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, пиряхҳо ва табиати нотакрори мамлакат шинос намуда, далели кишвари обӣ ва сарчашмаи асосии оби Осиёи Марказӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳадафи ба тамошо гузоштани асарҳо-шинос намудани меҳмонону иштирокчиёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо сарчашмаҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дӯстдорони ҳунари волои рассомиро  ба тамошои «Асарҳои рассомӣ дар мавзӯи об» даъват менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 2, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд