Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи муштараки узбекистонию чинии «UzXCMG» дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи муштараки узбекистонию чинии истеҳсоли мошинҳои соҳаҳои сохтмонию кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи муштарак соли 2014 ифтитоҳ ёфта, дар ин ҷо асосан банду басти мошинҳои калонҳаҷми бинокорию кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.
Барои бунёду ба кор андохтани корхона аз Ширкати байналмилалии истеҳсоли техникаи вазнини чинӣ — «XCMG» ба маблағи 4,3 миллион доллар хати васлкунӣ ва таҷҳизот ворид гардид.
Дар корхонаи муштарак истеҳсоли зиёда аз 40 намуди техникаи бинокорӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки техникаҳои истеҳсоли корхона аллакай дар саросари Узбекистон дар кори сохтмону кишоварзӣ васеъ истифода мегарданд.
Технологияҳои каммасрафи корхона арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшавандаро коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулотро баланд мебардоранд.
Аз нимаи дуюми соли 2019 истеҳсоли хатҳои нав — экскаваторҳо барои иҷрои ҳаҷми бузурги корҳо дар саноати кӯҳӣ, ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм- истеҳсоли мошинҳои боркаши иқтидори борбардориашон аз 60 то 120 тонна ва кранҳои борбардориашон аз 50 то 100 тонна ба роҳ монда шудааст.
Ба корхона таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла ҷузъҳои истеҳсолӣ, кафшери барқӣ, мошинҳои рангубор ва хушккунӣ ворид гардидаанд. Дар оянда истеҳсоли аккумуляторҳо, шиша барои кабина ва чароғҳои равшанидиҳанда низ ба роҳ монда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо корхонаи муштарак Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барору комёбӣ орзу намуданд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон






