Дар Алмаато 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Июнь 1, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 май бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато ва иштироки ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Алмаато бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода оид ба муҳимияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва бунёди  давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард, сухан ронд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ номиданд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур барои иштирокчиён лавҳаи махсуси ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он аксҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 1, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд