Дар Хуҷанд бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ бо наваскарон мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро» — таҳти чунин шиор ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳайати таблиғотии шӯрои шаҳрӣ ва вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба қисми низомии комендатураи ҳарбии вилояти Суғд, воқеъ дар маҳаллаи «Сайҳун»-и шаҳри Хуҷанд рафта, бо сарбозон оид ба аҳамияти ваҳдат ва пойдории сулҳу субот суҳбат оростанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ бо вазъи хизмат ва шароити зисти наваскарон аз наздик шинос шуда, аз имконияти фароҳам овардашуда қаноатманд гардиданд. Онҳо дар паси мизи аскарӣ нишаста, хўроки эшонро низ чашида, бо онҳо мулоқоти хотирмон доир карданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода зимни мулоқот гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
-Ҳамасола дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ захираҳои сафарбарӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ, маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки ин ҳама албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ таъсири хуб мерасонанд, -афзуд Фирўза Нуруллозода.
Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






