Дар Хуҷанд Форуми «Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ» оғоз гардид

Июнь 17, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз, 17 июн дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ «Форуми Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ» оғоз гардид. Форуми мазкур то 18 июн дар вилояти Суғд идома меёбад. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ«Ховар» хабар дод.

Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ва  беш аз 400 нафар соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон иштирок намуданд.

Форум бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оғоз ёфта, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ гузаронида шуда истодааст.

— Баргузории ин чорабинии минтақавӣ як қадами муҳим дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дӯстонаи байни кишварҳо мебошад, -илова кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон доир ба имкониятҳои вилояти Суғд, ки чун «водии имкониятҳо» шинохта шудааст, маълумот дод.

Иттилоъ дода  шуд, ки дар вилоят беш аз 2,8 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва Суғд дорои таъриху анъанаҳои бостонӣ, мавқеи муносиби ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ, замини ҳосилхез, саноати пешрафта ва фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад.

Вилояти Суғд аз захираҳои табиӣ бой буда, дар ҳудуди он корхонахои маъдану металлургии истиҷрочи тилло, нуқра, сурбу руҳ, ангишт, мармар ва ғайраҳо мавҷуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 800 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият мекунад ва 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд бо манотиқи кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 30 созишномаву меморандуми ҳамкорӣ дошта, бо зиёда аз 60 кишвари олам ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Ҳаҷми солонаи гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 2,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, аз вилояти Суғд асосан маъдану консентрас, масолеҳи сохтмонӣ, нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда мешавад.

-Мо нақша дорем, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро зиёд намоем, зеро иқтидору имкониятҳои фаровони истифоданашуда мавҷуд аст. Дар ин росто бовар дорем, ки форуми имрӯза Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ба рушди тиҷорати байни кишварҳо, ҷалби сармоя ва амалишавии лоиҳаҳои наву судманд такони тоза хоҳад бахшид,- афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Сипас Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода,  ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл, Президенти Палатаи савдо ва саноати Липетск Анатолий Голтсов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, роҳбари ширкати Тссел, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалии GIZ, Барномаи рушди СММ, Бонки Аврупо ва дигарон баромад карда, доир ба имконияту зарфиятҳо, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, густариши ҳамкорӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 17, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 10 моҳи имсол дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол гардидааст
Таҳкими робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид
Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
Коршиносони Кореяи Ҷанубӣ бо истеҳсолот ва дарсҳои амалӣ дар корхонаи «Гулистони Душанбе» шинос шуданд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Форуми сармоягузории гузариши энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ дар Боку иштирок намуд
Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон: «Ҳангоми муомилот бо пули нақд эҳтиёткор бошед!»
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниҳукуматии пешсафии глобалӣ оид ба обанборҳои насосӣ иштирок намуд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Муколамаи сатҳи баланд иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавӣ оид ба маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва суғурта дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд