Дар Истанбул 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Июнь 6, 2022 12:26

ДУШАНБЕ, 06.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Истанбул бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижаи МАҚСУД.

Дар ҷараёни  чорабинӣ Консули генералӣ М. Саидзода  оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, эъмори давлати демократию  ҳуқуқбунёд ва  дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида,  заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард, сухан ронд.

Ӯ иброз дошт, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки ризоияти  миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик дорад, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муяссар гардидааст.

Дар давоми суханронӣ  М. Саидзода  нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳотҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Дар идомаи  чорабинӣ навори видеоӣ бахшида Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ намоиш дода шуда, ба таваҷҷуҳи ҳозирин аксҳои бойгонӣ аз баргузории  Иҷлосияи таърихӣ ва  китобҳои Президенти кишвар пешниҳод гардиданд.

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул

Июнь 6, 2022 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд