Дар Истанбул татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода бо Раиси Палатаи савдои Истанбул Шекиб Авдагич баргузор гардид. Дар ин бора хабанигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД бо истинод ба Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Истанбул иттилоъ медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими равобит ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.
Дар ин росто, ҷонибҳо ҷалби сармоягузорони Туркия ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо Раиси Палатаи савдои Истанбул Шекиб Авдагич. Акс аз муаллиф








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






