Дар Женева татбиқи лоиҳаҳои Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Маркази байналмилалии савдо (МБС) Памела Коук — Ҳамилтон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби МБС дар Тоҷикистон амалишаванда баррасӣ гардиданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тавсеаи гардиши савдои хориҷӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, Портали савдои Тоҷикистон қабул гардиданд, ки саҳми МБС дар таҳия ва қабули онҳо назаррас арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон дар раванди вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои «Ready4Trade»-и Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX), ки тавассути МБС дар кишварҳои минтақа амалӣ мегарданд, инчунин дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда муҳокимаронӣ намуданд.
Илова бар ин, бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ аз ҷониби МБС ҷиҳати зиёд намудани чунин лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи ҳадафҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар пешбинишуда даъват ба амал оварда шуд.
Памела Кок Ҳамилтон низ дар навбати худ аз дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва иштирок дар низоми савдои бисёрҷониба истиқбол намуда, оид ба рушди муносибатҳо дар ин самт омодагии худро иброз карда, зикр кард, ки лоиҳаи нав вобаста ба зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории шарикони рушд дар назар дошта шудааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






