Дилбар Одилзода: «Ҳамасола садҳо хизматчиёни давлатӣ курсҳои такмили ихтисоси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистонро хатм мекунанд»
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хизмати давлатӣ ҳамчун падидаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аз институтҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб шуда, татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа аз он вобастагии зиёд дорад. Ин матлабро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни бардошт аз курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияи мамлакат, ки 6 -10 июни соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, баён намуд.
Дилбар Одилзода афзуд, ки то соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба соҳаи хизмати давлатӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мегардид ва гуфтан мумкин аст, ки ин соҳаи муҳими идораи давлатӣ қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона, туфайли ба даст овардани истиқлолият бо ибтикороти Ҳукумати кишвар, хосатан Роҳбарияти олии мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур сол то сол рушду такомул меёбад.
«Вазифаи асосии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон на танҳо аз хизмат ба давлат, балки аз мусоидат ба давлат дар роҳи хизмат кардан ба ҷомеа иборат мебошад. Хизмати давлатӣ бояд барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ ва фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд», — мегўяд ў.
Номбурда тазаккур дод, ки ҳанӯз дар оғози ташаккулёбии хизмати давлатии муосири Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳими давлату давлатдорӣ дахл намуда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки: «Яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордонию касбияшон, интихоби кадрҳои боистеъдод, ба манфиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ин мақоми навтаъсис зарур аст, ки ҳарҷи зудтар ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда даст занад ва дар ин самт тартиботро ҷорӣ намояд».
«Тавре дар боло зикр намудем, ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ, ташаккули низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи зич дорад,-изҳор дошт мавсуф ва ёдовар шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Барои таъмин намудани пешрафти бонизоми давлати миллӣ мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ниёз дорем. Зеро рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як халқу миллат аз сатҳи саводу маърифат, савияи донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мо бештар ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем».
Дилбар Одилзода таъкид намуд, ки омода намудани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, ҳанўз соли 1998 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ки асосҳои ҳуқуқии ташаккулёбӣ ва фаъолияти хизмати давлатиро ҳамчун институти махсуси давлатию ҳуқуқӣ ба низом медарорад, барои рушди минбаъдаи он замина гузошт.
«Дар оғози Истиқлоли давлатӣ мактабҳои ҳизбӣ, ки дар тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ дар замони шӯравӣ нақши асосӣ доштанд, аз байн рафтанд ва дар кишвари мо низоми муайяни таҳсили хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ амал намекард. Аммо барои рушди минбаъдаи соҳаи хизмати давлатӣ, ташаккули ҷавҳари кадрии ин соҳаи муҳим зарур буд. Дар навбати худ, ташкили низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ маҳаки асосии рушди захираҳои инсонии хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина ба такмилу таҳкими давлату давлатдории навини миллӣ мусоидат мекард. Вобаста ба зарурати бамиёномадаи таҳсили хизматчиёни давлатӣ бо дарки масъулияти баланди рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ ва давлату давлатдории миллӣ барои ташкили низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд», — шарҳ дод ў.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе ба хотир овард, ки фаъолияти таълимӣ дар собиқ Донишкадаи мазкур аз ташкили аввалин курсҳои такмили ихтисос 26 майи соли 2004 оғоз гардида буд.
«Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Дар натиҷа Донишкада дар баробари азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ тайёркунии касбиро дар шакли бакалавриат ва магистратура (дар шаклҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти дуюм) низ ба роҳ монд.Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар маҷмӯъ аз оғози фаъолият дар соли 2004 то ба имрӯз дар ин мактаби олии хизмати давлатӣ аз 25 ҳазор нафар хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин мақомоти худидоракунии маҳаллӣ донишу малакаи худро баланд бардоштанд»,-тазаккур дод ў.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2019 дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимию маъмурии Донишкада Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад. Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил дода шуд.
Ҳадафи асосии Академия тайёркунии касбии мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, инчунин бунёди низоми доимоамалкунандаи муосири баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дилбар Одилзода хотирнишон намуд, ки то соли 2019 ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ шурӯъ аз мутахассисон то сардорони раёсатҳои мақомотҳои марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷалб карда мешуданд. Баъдан тибқи супориши Сарвари давлат дар арафаи ифтитоҳи бинои Академия аз соли 2020 минбаъд муовинони вазир, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, муовинони раисони вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо низ ба чунин курсҳо ҷиҳати такмили ихтисос фаро гирифта шуда истодаанд.
«Такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва такмили соҳаи идораи давлатӣ аз самтҳои асосии фаъолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамасола садҳо хизматчиёни давлатӣ аз мақомотҳои марказӣ ва маҳаллӣ курсҳои такмили ихтисосро хатм намуда, соҳиби диплом ва гувоҳномаҳои муассисаи мазкур мегарданд», — илова кард номбурда.
Ба андешаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, чунин як курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи барномаи «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар доираи он беҳтарин ва мубрамтарин мавзӯъҳо аз ҷониби устодону омӯзгорони ботаҷриба ва мутахассисони соҳибкасб ба шунавандагон машғулиятҳо гузаронида шуд.
«Дар радифи ҷолибтарин дарсу машғулияҳо якчанд омилҳои муҳими дигар дар самти рушди бештари хизмати давлатӣ ва беҳ намудани кор дар ин самт ба назар расид, ки омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар аз шумули онҳост. Дар рафти курс оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ диққати махсус дода шуд», -изҳор дошт ў.
Номбурда илова кард, ки тарғиби идеологияи солими миллӣ ва ба ин васила пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртаззоди сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъҳое буданд, ки дар курси мазкур таъкид гардиданд.
«Дар фарҷоми курс се ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ба шунавандагон тақдим гардид. Китоби мазкур бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст. Китоби мазкур метавонад, хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда расонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул диҳад. Инчунин китоби мазкур дар худ таҷрибаи бойи давлатсозӣ ва бунёдкориро инъикос намудааст, ки метавонад, ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии мо хизмат намояд. Гуфтан мумкин аст, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлолии мо мебошад», — гуфт Дилбар Одилзода.
Мавсуф дар тақвияти гуфтаҳояш илова кард, ки ошно кардани насли ҷавон ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои дигари таълифи китоби мазкур мебошад. Ҳамин тавр омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, ва беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа боз медорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад.
«Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор гузошта, марҳила ба марҳила ба мақсадҳои худ ноил гашта истодааст, падидаи хидмати давлатӣ дар роҳи ташаккули низоми намунавии идораи давлатӣ, ҳифзи манфиату арзишҳои миллӣ ва таҷрибаи давлатсозию давлатдорӣ нақши муҳим хоҳад гузошт», — хулоса кард муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода.
АКС аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ