Дуторнавози тоҷик Севара Шарипова дар Озмуни байналмилалии «Бозторгай» соҳиби ҷои аввал гардид

Июнь 2, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷои аввал гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон.

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии  Қазоқистон озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай» бо иштироки 700 нафар наврасони лаёқатманд аз 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он  донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуда, аз рӯи номинаи «Иҷроиши мардумӣ» дар дутор сазовори ҷои аввал гардид.

Дар озмуни мазкур иштирокчиёни аз рӯи номинаҳои «вокал», «хореография» ва «иҷроиши мардумӣ» ширкат варзиданд. Миёни онҳо Севара Шарипова маҳорати баланди эҷодӣ нишон дода, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Июнь 2, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд