Ҳелга Шмид: «САҲА ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд»

Июнь 7, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пешвогии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи сайёра ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем», — изҳор дошт имрӯз, 7 июн пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид, ки барои иштирок дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои  2018 – 2028 ба Душанбе омадааст.

Ҳелга Шмид таъкид намуд, ки масъалаи амният, об ва  тағийрёбии иқлим барои САҲА имрӯз мавзӯи ниҳоят муҳим ва калидӣ боқӣ мемонад.  Чунон чӣ имрӯз нисфи одамони сайёра ба  оби ошомидани тоза дастрасӣ надорад.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Ҳелга Шмид иброз доштанд, ки Тоҷикистон нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дар таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир дар паҳнои он муҳим арзёбӣ менамояд.

Таъкид гардид, ки иштироки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Конфронси дуюми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Созмон ба ин масъалаҳои мубрами минтақавӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд