Гӯштингири тоҷик Асламҷон Азизов дар Ҷоми Болат Турлихонов соҳиби медали биринҷӣ гардид

Июнь 3, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гӯштингири тоҷик Асламҷон Азизов дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, ки 2 июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз гардид, дар вазни 55кг-и равияи юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Асламҷон қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Пуё Дод Марз шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Ҳиндустон Арҷун Ҳалакуркӣ пирӯз гардид.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ҳамчунин Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60кг гӯштин гирифта, дар даври муқаддамотӣ варзишгари Қирғизистон Куттубек Абдукарим уулуро мағлуб намуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Эрон Пуё Муҳаммад Носирпур ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи кишвари мизбон Ернур Фидахметов шикаст хӯрда, ҷои панҷумро гирифт.

Имрӯз, 3 июн дар рӯзи дуюми мусобиқа се варзишгари тоҷик дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ қувва месанҷанд: Шероз Очилов дар вазни 72кг, Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни 77кг, Суҳроб Абдулҳаев дар вазни 82кг.

Ҳамчунин чор варзишгари дигари мо дар гӯштини озод сабқат хоҳанд кард. Қувваозмоиҳои ин равия 4-5 июн доир мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқа зиёда аз 275 варзишгар аз 15 давлат иштирок доранд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 3, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад