Хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар Олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» 39 медали тилло ба даст оварданд

Июнь 13, 2022 11:57

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» ба хонандагони мактабҳои вилояти Суғд муяссар гардид, ки 39 медали тилло, нуқра ва биринҷиро дар ин олимпиада ба даст оваранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

28  майи соли ҷорӣ Олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» тариқи фосилавӣ аз фанни «Мантиқ» баргузор гардида, аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагон расман эълон гардид.

Зикр гардид, ки дар озмуни мазкур 1271 нафар хонандагон аз 20 давлати дунё  иштирок намудаанд. Дар ин Олимпиада 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят — Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 категорияи синну солӣ иштирок намуданд.

Хонандагони  «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон 35 медал,  Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 3 медал ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 медал ба даст оварданд.

АКС аз бойгонӣ/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 13, 2022 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд