Имрӯз дар шаҳри Нур-Султон нишасти кории роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти кории роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин таҳким ва рушди ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнӣ, таҳлилу баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, мушаххаснамои хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеие, ки ба амнияти минтақа осебпазиранд, коркарди василаҳои муҳими таъминкунандаи рушди устувор, ташаккули системаи муштараки ҳифзи субот ва амният мебошад.
Ҳамзамон дар ҷаласаи корӣ роҳбарони марказҳои зеҳнӣ тавсия ва пешниҳодҳоро барои рӯзномаи нишасти машваратии Сарварони Осиёи Марказӣ, ки қарор аст нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад, омода намуданд.
Дар нишасти роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Х. Усмонзода дар суханронии худ вазъи минтақа ва ҷаҳонро аз нигоҳи илмӣ огоҳона таҳлил намуда, тавсияҳои судманд ва пешниҳодҳои арзишмандро барои рушди минбаъдаи Осиёи Марказӣ ва пешгирии хатару таҳдидҳо ва пойдории суботи фарогир баён намуд.
Ҷаласаи кории роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ дар рӯҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






