ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Душанбе бахшида ба ин сана семинари омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Иқтисоди «сабз» — заминаи бунёдии рушди устувор» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат.
Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни факултети географияи Донишгоҳи мазкур, кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва волонтёрон иштирок намуданд.
Пас аз суханони ифтитоҳии декани факултети география Аҳрор Қаландаров ва сармутахассиси Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зист Анвар Эшонов, сардори Маркази Орхуси Кумита Ҷамолиддин Яқубов дар мавзўи «Роҳҳои татбиқи конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Зимни маърӯза дар баробари фаъолияти лоиҳавии Марказҳои Орхус дар минтақаҳо, ҳамзамон доир ба нақши онҳо дар татбиқи бандҳои Барномаи мазкур таъкид ба амал оварда шуд.
Таъкид гардид, ки соли 2001 Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбошавӣ»-ро қабул намуд, ки дар айни ҳол тибқи он тадбирҳои зарурӣ дар ин самт андешида мешаванд.
Сипас сармутахассиси Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Анвар Эшонов дар мавзӯи “Ҳифзи замин” ба ҳозирин бо рӯйнамо маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон дар семинар дар мавзўи “Иқтисоди “сабз” заминаи бунёдии рушди устувор” маърӯза пешниҳод шуд.
Ёдовар мешавем, ки Қарор дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди биёбоншавӣ бори нахуст соли 1994 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабул гардидааст. Ба кишварҳои ҷаҳон пешниҳодшуд, ки санаи мазкурро барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷомеа оид ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ, инчунин рафти иҷрошавии Конвенсия дар бораи мубориза бар зидди биёбоншавӣ бахшанд. Шурўъ аз соли 1994, ҳамасола 17 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ ҷашн мегиранд.
Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи биёбоншавӣ аз тамоми кишварҳое, ки ба он шомиланд, тақозо менамояд, ки нақшаҳои амали миллии дурнамои худро оид ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, истифодабарии замин, ҷангал, об ва олами ҳайвонот барои рушди устувор таҳия намоянд ва амалишавии онро таҳти назорат қарор диҳанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва амалӣ мегардад
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Қатъномаи нави минтақавӣ оид ба муқовимат ба коррупсия бо иштироки Тоҷикистон қабул гардид
Агентии «Тоҷикстандарт : «380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд»
Дар Токио Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон – Ҷопон» баргузор шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ҷаласа доир шуд
Дар Хатлон ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ тақвият меёбад
Лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар Душанбе Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ифтитоҳ гардид
Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд
«Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд






