Изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Июнь 4, 2022 17:54

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 июни соли 2022 соати 10:40 бо вақти маҳаллӣ дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии «Кех» воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҳарбии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муноқишаи мусаллаҳона бинобар аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон беэътиноӣ намудани талаби қонунии сарҳадбонони тоҷик ҷиҳати тарки ҳудуди Тоҷикистон рух дод. Дар ҷавоб ба талаби сарҳадбонони Тоҷикистон ҳарбиёни қирғиз мавқеи ҷангӣ гирифта, нахуст ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушоданд. Пас аз ҷалби қувва ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон вазъият мураккаб гардид.

Дар натиҷаи оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик аз яроқи оташфишон, ҳарбиёни қирғиз аслиҳаи маҷмӯӣ ва миномётҳоро аз ҷумла ба самти мавзеъҳои аҳолинишини Тоҷикистон истифода бурданд. Сарҳадбонони Қирғизистон изҳор доштанд, ки дар муноқишаи сарҳадӣ қувваҳои ниҳодҳои алоҳидаи мақомоти қудратии Қирғизистон, ки ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он ҷониб шомил нестанд, истифода мешаванд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон доиршуда соати 13:15 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид. Гузашта аз ин соати 14:15 ба мақсади муайян намудани ҳолати муноқишаи мусаллаҳона ҷониби Тоҷикистон интиқоли намояндагони Қирғизистонро  ба маҳалли ҳодиса воқеъ дар ҳудуди Тоҷикистон, ташкил намуд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон такрор ёфтани таҷрибаи аз ҷониби Қирғизистон сарфи назар кардани мувофиқаҳои калидӣ, пеш аз ҳама оид ба манъи истифодаи яроқи оташфишон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва риояи қатъии хатти рафтори сарҳадбононро, дубора зикр менамояд.

Ҷониби Тоҷикистон таъкид мекунад, ки аз тарафи Қирғизистон истифода гардидани ниҳодҳои мақомоти қудратии ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он ҷониб шомил набуда, чораи ғайриқобили қабул ва боиси мураккаб гардидани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ мебошад.  Илова бар ин, ҳолати мазкур хилофи мувофиқаҳои байни  мақомоти сарҳадии ҷонибҳо, ки 12 март ва 13 апрели соли 2022 ҳосил шудаанд, дониста мешавад.

Тоҷикистон амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистонро маҳкум намуда, аз риояи қатъии ҳамаи мувофиқаҳои бадастомада ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда, даъват ба амал меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳалли мусолиҳатомези масоили бо Ҷумҳурии Қирғизистон бавуҷудома таъкид менамояд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 4, 2022 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд