Мария Захарова бо куртаи миллии тоҷикӣ чакан дар мазҳари ом намудор шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 июни соли 2022 намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро нашр кард, ки дар онҳо ў дар чорабинии оммавӣ бо либоси миллии тоҷикӣ чакан ба навор гирифта шудааст, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар яке аз аксҳо Мария Захарова бо куртаи чакан дар пасманзари гунбазҳои калисои православӣ истода, дар акси дигар ҳамроҳи духтараш ҳангоми банаворгирии филми нав аз рӯи афсонаи машҳур «Кулоҳсурхак ва гурги малла» («Красная шапочка и серый волк») мунъакис гаштааст.
«Имрӯз филми навро дар бораи Кулоҳсурхак ва гурги малла, ки 22 сентябр ба экран мебарояд, дидем, ки чи тавр таҳия мешавад. Гурги малла дар филм сафед аст», — навиштааст Захарова зери ин акс дар Telegram-канали худ.
Тибқи иттилоъ, дар ифтитоҳи Ҳафтаи муд дар Москва, ки аз ҷониби тарроҳи шинохтаи рус Вячеслав Зайтсев ташкил шуда буд, Захарова дар он низ бо куртаи чакан ҳозир шудааст.
Корбарони зиёде аз ин аксҳо ба ваҷд омада, навиштаанд, ки ба Захарова чакани тоҷикӣ зебидааст. Мария Захарова 46 сол дорад. Аз моҳи августи соли 2015, қариб 7 сол аст, ки намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия мебошад. Захарова дар ин мақом бо ҳамлаҳои тунд ва гоҳо хашмгинонааш алайҳи кишварҳои ғарбӣ маъруф аст. Аммо дар бораи Тоҷикистон вай маъмулан хуб ва бо самимият менависад.

Санъати гулдӯзии чакан, ки махсусан дар ҷануби Тоҷикистон маъруф аст, соли 2018 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз ҷониби ЮНЕСКО шомил шуд.
АКС аз Telegram









Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






