Муовини Дабири кулли СММ Лиу Женмин ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об ба Тоҷикистон омад

Июнь 6, 2022 17:06

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои иқтисоидӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женминро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла иқдомҳои муштараки минбаъдаро баррасӣ намуданд.

Муовини дабири кулл инчунин миннатдории худро барои даъват ҷиҳати иштирок дар Конфронси Душанбе баён намуд.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  баргузор мешавад.

Барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.

Барои инъикоси кори Конфронс зиёда аз 500 нафар намояндагони ВАО-и маҳалӣ ва хориҷӣ сабти ном шудаанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 6, 2022 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд