Музаффар Ашуриён дар Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург иштирок дорад

Июнь 30, 2022 14:53

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 июн то 1 июли соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардида истодааст, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Форуми мазкур ҳамасола гузаронида шуда, он майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз як қатор кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Чун қоида дар Форуми мазкур вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ширкат варзида, дар мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор менамоянд.

Дар Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ, нақши ҳуқуқ ва қонун дар замони дигаргуниҳои ҷаҳонӣ, амалияи судӣ ва арбитражии ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқии истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ҳуқуқи ширкатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуда, дар доираи он инчунин форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколамаҳо ва конференсияҳои сатҳи баланд баргузор гардид.

X Петербургский международный юридический форум|10th St.Petersburg International Legal Forum

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2022 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд