Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар самти ҷалби бештари сайёҳон густариш медиҳанд

Июнь 10, 2022 09:22

ДУШАНБЕ, 10.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия дар ҷараёни мулоқоти маҷозӣ масъалаи  таҳкими ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот ширкатҳои сайёҳии  ду кишвар тариқи рӯнамо маърӯза намуда, имкониятҳои васеи сайру саёҳат ва зарфиятҳои нодири Тоҷикистон  ва Русияро муаррифӣ намуданд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия бо назардошти  имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар хостори тақвияти робитаҳо гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Русия дар радифи кишварҳои даҳгона аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳамасола  намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Москва, аз ҷумла  дар  «Интурмаркет» ва «МИТТ» иштирок намуда, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ба бозори сайёҳии Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2022 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад