«Обёрии замин. Мушкили пойгоҳҳои обкашӣ масъалаи доғ боқӣ мемонад?!»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июнь 16, 2022 15:31

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида нашрияҳои даврии Тоҷикистон кадом  воқеаву  рӯйдодро  аз   ҳаёти сиёсиву  иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии мамлакат  мавзӯи меҳварӣ ќарор доданд ва дар    саҳифаҳои   рӯзномаву ҳафтаномаҳо    кадом матолиб барои хонандагон ҷолибтару хонданӣ маҳсуб мешуд?   Доир ба ин мавзӯъ  шарҳи  матбуот аз АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад. 

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар ҳафтаи  сипаригардида  оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расидаанд, ки  инъикоси баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» дар бар гирифта,  ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзиву маорифро пешорўи ҷомеа гузоштаанд.

Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият», сешанбе, 14 июн  таҳти сарлавҳаи «Фидоии  роҳи илм (Сухане чанд дар бораи осори фаъолияти олим ва донишманди тоҷик Кароматулло Олимов)» ба  нашр расидааст, ки дар он, аз ҷумла чунин   омадааст: «…Кароматулло Олимов парвардаи мактаби илмӣ – фалсафии донишмандоне, ба мисли Б. Ғафуров, А. Баҳоваддинов, М. Осимӣ, А. Мирзоев, М. Диноршоев ва дигарон мебошад, ки дар саргаҳи ин мактаб Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ меистод. Ӯ соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи унвонҳои Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Сафири сулҳи ҷаҳонӣ ва ғайраҳо мебошад… Ба қалами устод бештар аз 400 асари илмӣ тааллуқ дорад, ки дар онҳо таълимоти фалсафиву ахлоқӣ ва, инчунин, илмии бузургтарин мутафаккирони тоҷик ва Машриқзамин, аз зумраи Ҳаким Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Сулламӣ, Абусаиди Абулхайр, Абулҳасани Харақонӣ, Мустамлии Бухороӣ, Абунасри Форобӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Алишер Навоӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва дигарон таҳлилу таҳқиқ шудаанд».

Ҳамчунин дар ин саҳифа маводи рӯзноманигори ин нашрия таҳти сарлавҳаи «Обёрии замин. Мушкили пойгоҳҳои обкашӣ масъалаи доғ боқӣ мемонад, чаро?!» ба чоп  расидааст. Дар он муаллиф доир ба мушкилоти норасои оби  полезӣ дар хоҷагиҳои  дур аз пойгоҳҳои обкаширо  дар ноҳия Зафаробод  баррасӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мисли ноҳияи Зафаробод  норасоии оби полезӣ  ба мушоҳида расида, ин ҳолат  боиси кам гардидан ё талафоти ҳосили зироат мегардад. Чуноне  ки сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур Мансур Ибодулло  изҳор доштааст: «Мушкили норасоии оби полезӣ бештар дар хоҷагиҳои дур аз пойгоҳҳои обкашӣ ба назар мерасад. Новобаста ба ин, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо кишоварзони ноҳия кӯшиш менамонд, ки насосҳои аз замони шуравӣ  боқимондаи фарсудаю корношоямро пайваста таъмир карда, обёрӣ анҷом диҳанд. Барои шодоб гардондани заминҳо об аз Сирдарё ба баландии то 360 метр бароварда мешавад, ки бисёр заҳматталаб аст. Бар замми ин, барои таъмини охирин хоҷагии деҳқонӣ бо оби полезӣ масофаи 70 километр роҳ мавҷуд буда, мушкилӣ эҷод мекунад, аз ин рӯ, насби силсилапойгоҳҳои пуриқтидор тақозо мешавад».

Дар ин шумора ва дигар шумораҳои ҳафтаи сипаригардидаи нашрия хабару гузошҳои муҳими дохил ва хориҷ, инчунин маводи таҳлилӣ  доир ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии аз нигоҳи коршиносон баррасӣ гардида,  нашр шудаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи панҷшанбе, 16 июн №74 (4494) дар баробари дигар рӯзномаву нашрияҳои кишвар дар саҳифаи аввал қабули эътимодномаҳоро аз  10 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Асосгзори сулҳу ваҳадати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  тағироту иловаҳоро  ба Қарору Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумораи таҳти сарлавҳаи «Чаро барнома 100 дарсад татбиқ нашуд?» муҳокимаи парламентӣ ба нашр расидаааст, ки дар он  вазъи  иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

«Народная газета»- нашрияи расмии русии   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №25 (20358), чоршанбе, 15 июни соли  равон суҳбати телефонии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  бо раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, Фармону Амрҳои Сарвари давлат, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани  Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy» -ро бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ва дигар хабару гузоришҳоро  ба нашр  расонидааст.

Дар саҳифаҳои дигари ин шумораи рўзномаи  «Народная газета»- Қарорҳои нав ба тавсибрасидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расидаанд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №23 (1368),  чоршанбе, 15 июн таҳти сарлавҳаи «Аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон» ва «Зарурути Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ»-ро нашр намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  чоп расидаанд.

Инчунин хонандагон имкон доранд дар «Минбари  халқ» матлабҳои ҷолиб: «Душвориҳо дар масири бунёди давлати дунявӣ», «Ифрот ва ҷаҳолат монеаи амният», «Пешгирӣ аз биёбоншавӣ», «Масъалаҳои назарияи иникос ва хатшиносии криминалистӣ» ва ғайраҳоро  мутолиа намоянд.

Фирӯза Давлатзода,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2022 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус