ҶОМИ КФО. Имрӯз дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Копетдаг» бозӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек аввалин бозии гурӯҳии Ҷоми КФО миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Копетдаг»-и Туркманистон баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар гурӯҳи «F» ҷоизадори медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон дастаи «Дордой» ва барандаи Ҷоми Туркманистон дастаи футболи «Копетдаг» миёни ҳам рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мизбонӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд имрӯз, 24 июн дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек, соати 19:00 аввалин бозиашро муқобили дастаи «Копетдаг»-и Туркманистон анҷом медиҳад. Ғолибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА мегирад.
Ҷоми КФО- 2022
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «F»
Иштирокчиён: «Хуҷанд» (Тоҷикистон ), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).
Даври 1
24 июн (ҷумъа)
19:00 – «Копетдаг» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон )
Даври 2
27 июн (душанбе)
19:00 – «Дордой» (Қирғизистон) – «Копетдаг» (Туркманистон)
Даври 3
30 июн (панҷшанбе)
19:00 —«Хуҷанд» (Тоҷикистон )– «Дордой» (Қирғизистон)
Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






