Пагоҳ намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Резервати биосферии «Ромит» дидан менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарону намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо захираҳои бойи табиӣ ва олами набототу ҳайвоноти беназир, пагоҳ, 1 июл ба яке аз нодиртарин мавзеъҳои табиии кишвар — Резервати биосферии «Ромит», ки соли 1959 таъсис ёфтааст, сафар менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сафари роҳбарону намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба Резервати биосферии «Ромит» омӯхтани объектҳои табиии беназири Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ барои ташвиқу тарғиби зарфиятҳои нотакрори табиати беназири кишвар ва рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Сафари мазкур бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Дар доираи сафар шиносоии намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо табиати нотакрори Тоҷикистон ба меҳмонон таассуроти хуб хоҳад гузошт.
Мавриди зикр аст, ки алҳол дар кишварамон майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,1 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки ин 22% ҳудуди кишварро дар бар мегирад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






