ПАНҶСОЛАИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ. Тоҷикистон бозори дохилиро бо масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда таъмин менамояд

Июнь 15, 2022 12:13

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /НИАТ «Ховар»/. Имрўз Тоҷикистон бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ қариб пурра  худро таъмин мекунад. Дар баробари маҳсулоти воридотӣ дар бозорҳо навъҳои зиёди маҳсулоти ватанӣ пешкаши мизоҷон  карда шудааст. Навъҳои асосии масолеҳи сохтмонӣ даҳсолаҳост пурра воридотивазкунанда гашта, имкон доданд  биноҳои истиқоматӣ, инчунин иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ босуръат сохта шаванд.

Чанд даҳсола пеш, аксар навъҳои  масолеҳи сохтмонӣ ба мамлакат  аз хориҷи кишвар ворид мешуданд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ семент, хишт, маводи рангубор, омехтаҳои сохтмонӣ, шифер, арматура, кошин, мех,  тарҳҳои охану бетонӣ, масолехи рўйкашӣ ва пардоздиҳӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, плитаҳои роҳсозӣ ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар  бозори Тоҷикистон ҳамасола навъҳои нави масолеҳи сохтмонӣ зиёд гашта, ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ коҳиш меёбад.

«Агар дар солҳои гузашта кишвар ба масолеҳи воридотивазкунанда бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекард, ҳоло мақсад гузоштааст  содиротро зиёд намояд. Яъне истеҳсоли масолеҳи бинокорй ба зинаи нисбатан боло баромада ба иқтисодиёти кишвар  таъсири мусбат мерасонад. Ҳар сол қариб 20 навъи маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мегардад. Ба пешрафти саноат,  соли 2018 эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – рушди саноаткунонии кишвар  низ мусоидат кард.

Илова бар  ин, бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини татбиқи ҳадафҳои миллии стратегӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди  саноат»  эълон гардид.

«Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси олии кишвар зарурати бунёди беш аз 870 корхонаи саноатӣ, ба 95 миллиард сомонӣ расондани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ду баробар зиёд намудани содироти онро таъкид намуданд», — зикр намуданд дар вазорат.

Барои истеҳсоли масолеҳи баландсифати сохтмонӣ аслан ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, технология ва таҷҳизоти муосир  аз кишварҳои пешрафта ворид карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки масолеҳи сохтмонии босифат истеҳсол гардад ва аҳолии кишвар ба махсулоти ватанй бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи саноат ва таъмини саноаткунонии босуръат дар мамлакат як қатор барномаҳои  соҳавӣ қабул ва амалӣ мегарданд.

Дар  373  корхона 9829 нафар бо кор таъмин мегарданд

Тибқӣ маълумоти оморӣ, ҷиҳати амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар, дарёфти  манбаъҳои нави сармоягузорӣ ва  рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои соли 2022 дар ҷумҳурӣ таъсиси 373  корхона ва коргоҳ бо таъмини 9829 ҷойи кории нав дар назар гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар вилоятҳои  Суғд 145 корхонаву коргоҳ бо 2904 ҷойи кории нав, Хатлон 132 корхонаву коргоҳ бо  3913 ҷойи кории нав, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 30 корхонаву коргоҳ бо   407 ҷойи кории нав, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 55 корхонаву коргоҳ бо 775 ҷойи кории нав ва шаҳри Душанбе 11 корхонаи нав бо таъмини зиёда аз 1830 ҷойи корӣ  пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, соли 2021 дар ҷумҳурӣ 2438 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 корхона зиёд мебошад. Инчунин 88 корхона бо 1029 ҷои корӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар моҳҳои январ-апрел зиёда аз 48 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Масолеҳи сохтмонӣ

Соҳибкорони ватанӣ дар пешрафти саноат, бунёди корхонаю коргоҳҳо ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд.   Корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ дар соли 2021 ба маблағи 2 млрд 463,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020 — 428,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли семент ба 3274,1 ҳазор тонна, хишт 137,1 миллион дона, хишти сементӣ 33,0 миллион дона, газоблок 37,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1094,5 ҳазор метри мукааб, бетони сохтмонӣ 347,8 ҳазор метри мукааб, бомпўши асбестӣ 1561,0 ҳазор дона баробар шудааст.

Хаҷми содироти масолеҳ 37,4 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 36,9 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 0,4 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурўши семент мебошад, ки маблаѓи он 37,0 миллион долларро ташкил медиҳад. қисми зиёди воридотро кошин (10,4 млн доллар), шиша (7,2 млн доллар), гаҷкартон (3,1 млн доллар), ташкил додааст. 

Истеҳсоли семент

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарорӣ 5,6 миллион тоннаро ташкил дода, аз 16 корхонаи хурду калон 14-тои он фаъолият карда, 2 корхона маҳсулот истеҳсол накардааст.

Дар соли 2021 истеҳсоли семент ба 3274,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 37,0 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин миқдор 918,2 ҳазор тонна семент ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Узбекистон 560,3 ҳазор тонна, Қирғизистон 1,9 ҳазор тонна ва љумњурии Исломии Афғонистон 354,4 ҳазор тонна содирот гардидааст. Ҳаҷми содиротшуда 28,0 фоиз ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгардидаро ташкил медиҳад.

Тавре дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав шарҳ доданд, Тоҷикистон ният дорад то соли 2024 содироти сементро ба 2 миллион тонна расонад. Афзоиши солонаи содироти семент 200 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. То он вақт ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи бинокорй ба 7 миллион тонна расонда мешавад.

Истеҳсоли шифер

Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият дошта, дар соли 2021 1561,0 ҳазор дона шифер ба маблағи 57,4 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 302,2 ҳазор дона зиёд аст. Дар ин корхонаҳо инчунин қубурҳои асбестӣ, ки ба гармою сармо тобовар буда, муҳлати хизмати онҳо беш аз 50 сол аст, истеҳсол мешавад. Барои истеҳсоли шиферу қубурҳои асбестй ашёи хоми аълосифат истифода мешавад. Асбест аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон оварда шуда, сементи хушсифати заводҳои Тоҷикистон истифода мешавад.

Истеҳсоли қуму шағал

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 230 корхонаи истеҳсоли қуму шағал фаъолият менамояд, ки дар онҳо 2200 нафар коргар фаъолият менамояд. Дар соли 2021 1094,5 ҳазор метри мукааб қуму шағал истеҳсол шудааст, ки назар ба соли пешин 25,8 ҳазор метри мукааб зиёд аст.

Истеҳсоли масолеҳи деворӣ

Шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ) 130 буда, дар онҳо 2406 коргар кор мекунад. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 16, вилояти Суғд 50, ВМКБ 1, НТҶ 57 ва шаҳри Душанбе 6 корхона мавҷуд аст.

Дар соли 2021 137,1 миллион дона хишти сохтмонӣ, 33,0 миллион дона хишти сементӣ, 86,2 ҳазор метри мураббаъ хишт барои роҳрав ва 37,9 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.

Корхонаҳои ватанӣ маҳсулотиҳои воридотивазкунадаи ба содиротнигаронидашударо истеҳсол намуда, талаботи иншооти сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин карда истодаанд.

Гардиши савдои хориҷӣ

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли 2022  2193,5 млн долларро ташкил намуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16,6 ҳазор доллар коҳиш ёфтааст. Содироти маҳсулот дар ин давра 644,3 млн долларро дар бар гирифта, нисбат ба моҳҳои январ-апрели 2021 394,6 млн доллар кам мебошад. Ҳисси содирот дар гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 29,4 фоиз, ҳиссаи ворид 70,6 фоизро ташкил намудааст.

Дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 воридоти маҳсулот 1549,2 млн доллар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 378 млн доллар ё 32,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 ба 12,7 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (бо нархҳои муқоисавӣ) 1,9 млрд сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш ба 117,2фоиз баробар шудааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ,  дар ҷумҳурӣ 2438 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда ба қайдгирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 корхона зиёд мебошад. Инчунин 88 корхона бо 1029 ҷои корӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар моҳҳои январ-апрел зиёда аз 48 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

Дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 аз 291 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 147 номгўи он (50,5 фоиз) таъмин гардида, 9 номгўи моле (3,1 фоиз), ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд,  ба роҳ монда шуданд.

Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии молистеҳсолкунадагони ватанӣ ва афзоиш додани маҳсулоти воридивазкунандаи ба содирот нигаронида шуда, як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ шуда, барои рушди маҳсулоти воридивазкунанда заминагузор гардидаанд.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2022 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»