РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ бори аввал дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали об баргузор мешавад

Июнь 5, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори нахуст дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳи»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ин иди  арҷгузорӣ ба об ҳамчун асоси ҳаёт, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор хоҳад буд», — иброз  доштанд дар котиботи Конфронси байналмилалии об дар Душанбе.

Тавре 27 май зимни баргузории брифинг роҳбари котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд Султон Раҳимзода иброз намуд, Фестивали об аз барномаи васеъ, аз ҷумла намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои  миллӣ, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо иборат аст. Намоишгоҳ ба мавзӯи «Об барои рушди устувор» бахшида шуда, бо нишон додани  таҷрибаи пешқадам, технология ва инноватсия дар соҳаи об ва экскурсияҳо барои намоиши сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии об инчунин иқтидори мамлакатро дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муаррифӣ намояд.

Барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки пешрафтҳои дар ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал бадастомада, мушкилот ва монеаҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафҳо, ҳавасмандгардонӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои оби Рӯзномаи рушд дар давраи то соли  2030 масъалаҳои асосӣ барои муҳокима дар чаҳорчӯби конференсия мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Фаъолгардонии амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мегардад.

Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.

Пайрав ҚОСИМ
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд

Июнь 5, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»