РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Пешвоёни Эътилофи обу иқлимро мизбонӣ менамояд

Июнь 4, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд  оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷаласаи Пешвоёни  Эътилофи обу иқлим, инчунин  ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе   тибқи ташаббуси Тоҷикистон  аз ҳисоби намояндагони  воломақому  коршиносони байналмилалии кишварҳои  узви Созмони Милали Муттаҳид, зерниҳодҳои он ва созмонҳои байналмилалӣ  барои  пешбурди раванди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Интизор меравад, ки аъзои Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти бузурги обии Тоҷикистон, аз ҷумла НБО «Роғун», Фестивали оби Душанбе  ва дигар чорабиниҳое, ки дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил карда мешаванд, боздид намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон