Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт: «Ҳадафи мо баромадан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аст»
ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар остонаи оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» нишасти хабарӣ баргузор шуд, ки дар он сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт ва капитани даста Аҳтам Назаров ширкат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар гурӯҳи мо дастаи заиф нест, ҳама барои ғалаба мубориза мебарад. Дастаҳо дар сатҳи наздиканд, мо ҳар як рақибро эҳтиром мекунем ва мубориза хоҳем бурд. Рақибони худро хуб омӯхтем ва ҳоло тамоми диққатамонро ба бозии аввал бо яккачини Мянмар равона кардаем. Ман аз ҳайати худ ва интихоби бозигарон қаноатмандам. Пеш аз оғози марҳилаи интихобӣ мо дар Дубай ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ доштем, ки дар он даста ба таври ҷиддӣ кор кард. Мехоҳам бигӯям, ки давоми ду ҳафта омода кардани як даста душвор аст, аммо мо умедворем, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат мегирем. Маҳз ҳамин мақсад назди даста гузошта шудааст»,- зикр намуд Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон.
Ба гуфти капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров, «дастаи мо омодааст, ки дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё барои ба даст овардани роҳхат тамоми ҳастии худро сарф созад. Кӯшиш мекунем, ки натиҷаи қаноатбахш ба даст орем».
Имрӯз, 8 июн дар шаҳри Бишкек марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» оғоз мешавад. Мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни ҳам мубориза мебаранд.
Акс: ФФТ








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






