Завқӣ Завқизода ва Субир Лалл масъалаи пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо муовини директори Департаменти Хазинаи байналмилалии асъор оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Субир Лалл ва роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэттю Гертнер баргузор гардид, ки дар он тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ баррасӣ карда шуд.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин масъалаи маблағгузории НБО «Роғун» ва муҳимияти он барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стретегии кишвар гуфтушунид намуданд.
З. Завқизода зикр намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» бо пешбинӣ намудани 50 тадбирҳои зарурӣ қабул ва мавриди амал қарор дорад.
Вобаста ба ин аз намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур ва Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин расонидани кумаки техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ дархост карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баён доштанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Раванди татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Бахшида ба 20-солагии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конфронси 3-юми байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд






