35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба шарафи ин ҷашн бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сохта мешавад

Июль 15, 2022 09:10

СУҒД, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон сохтмони бинои нави таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот маълумот дода шуд, ки бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишӣ дар канори биноҳои таълимии 1 ва 2-и донишгоҳ сурат мегирад.

Сохтмони бино дар 9 ошёна пешбинӣ шудааст, ки дар умум барои ғунҷоиши 4 ҳазор нафар донишҷў муқаррар гардидааст. Масоҳати умумии бино 19420 м2 -ро дарбар гирифта, масоҳати зери сохтмон 2158,5 м2 -ро фаро мегирад. Дарозии бино 16,40х21,20 буда, баландии ошёнаи якум 4.40 м ва баландии ошёнаҳои дигар 3,30 метрро ташкил медиҳад.

Илова гардид, ки ҳаҷми сохтмонии бино 86320, 9 м2 буда, дар он 144 синфхона ҷой хоҳад гирифт. Дар назар аст, ки дар бинои нави таълимии донишгоҳ 9 факултет ҷой гирифта, дар он 7 адад толори лексионӣ ва 2 маҷлисгоҳи хурд, 18 озмоишгоҳ сохта мешаванд. Барои пайвастан ба табақаҳои болоии бинои таълимӣ бунёди 4 лифт ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи пурраи лоиҳа ва бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ва масъулини бахши сохтмон супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 15, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд