35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Кӯчаҳои шаҳри Ҳисор то ин ҷашни миллӣ пурра таъмиру таҷдид мегарданд

Июль 6, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 06.07.2022/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони  шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки кӯчаҳои маҳалли зисташонро пурра мумфарш намоянд. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаи Белайдуз дар ин амал пешсафӣ нишон медиҳанд. Ин матлабро  раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Абдушукур Аловиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

— Дар маҳаллаи Белайдуз аз нисф зиёди кӯчаҳо, ки дар умум 11 ададро ташкил медиҳанд, алаккай мумфарш шудаанд ва бо оғози рӯзҳои гарми тобистон  тамиру таҷдиди роҳҳо  дар кӯчаҳои боқимонда вусъати тоза пайдо намудаанд, — гуфт раиси  маҳаллаи мазкур Маҳкам Мирзоев.

Раиси маҳаллаи Белайдуз Маҳкам Мирзоев ҳамчунин гуфт, ки мумфаршкунии роҳҳо бо дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ бо усули ҳашар идома дошта, роҳҳои мавзеъҳое, ки мумфарш гардиданд, аз ҷумла дар кӯчаҳои Белайдуз, ба номи Содиқ Аъзамов ва Файзулло Ҳусейнов,  ҷӯйҳо ва ду канори роҳ –пайроҳа барои пиёдагардон аз ҷониби истиқоматкунандагони маҳалла бетонпӯш шуданд.

Раиси маҳалла бо қаноатмандӣ аз дастгирии дастҷамъонаи сокинони маҳалла  ёдовар шуда, гуфт, ки дар таъмиру мумфаршкунии роҳҳои кӯчаҳо, дар маҷмӯъ дар ободонии маҳалла саҳми оилаҳои Саидовҳо, Усмоновҳо ва Камоловҳо шоистаи таҳсин аст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 6, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд