Ҳайати Тоҷикистон дар Ашқобод андешидани тадбирҳои заруриро барои татбиқи низоми рақамикунонӣ дар соҳаи ҳамлу нақл пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Долонҳои байналмилалии нақлиётӣ — транзитӣ, ҳамбастагӣ ва рушд» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёт (автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ), транзит, содагардонии раванди ҳамлу нақл ва транзит, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт дар доираи ҳамкории дуҷониба ва байналмилалӣ, андешидани тадбирҳо дар давраи пас аз пандемия ва ғайра баррасӣ гардиданд. Бо ин мақсад 20 июл иштирокчиёни конфронс аз бандари «Туркменбошӣ» дидан карданд.
Шоиста Саидмуродзода вобаста ба масъалаҳои таъмини пайвасти шабакаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, содагардонии раванди ҳамлу нақл ва гузариши транзит, таъмини ҳамбастагӣ дар самти рушди логистика сухан гуфт. Инчунин мавсуф бо назардошти мушкилиҳо дар давраи пандемия андешидани тадбирҳои заруриро барои татбиқи амалии низоми рақамикунонӣ дар соҳа, аз ҷумла истифодаи e-CMR ва рухсатномаҳои электронӣ дар минтақа пешниҳод намуд.
Ҳамзамон дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вобаста ба долонҳои «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» ва «Қирғизистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон» баргузор гардид.
Коршиносони кишварҳои аъзо масъалаҳои марбут ба ташкили долонҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор додан два аз рӯи он санади дахлдор ба тасвиб расид.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






