«Амонатбонк» барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ба аҳолӣ 100 миллион сомонӣ ҷудо намуд

Июль 23, 2022 13:43

ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ба аҳолии мамлакат аз ҳисоби сармояи бонк 100 миллион сомонӣ  ҷудо намуд. Дар ин хусус Раиси бонки мазкур Сироҷиддин Икромӣ 22 июл зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

Ӯ илова намуд, ки «100 миллион сомонӣ маблағи ибтидоӣ буда, дар оянда дар сурати зарурат барои пешниҳоди қарзи ипотекӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад.

«Қарзҳои ипотекие, ки пешниҳоди муштариён мегарданд, аз ҳисоби пасандозҳои мардум нестанд. Қарзи ипотекӣ бо асъори хориҷӣ — доллар бо меъёри 10 фоиз ва бо асъори миллӣ -сомонӣ 22 фоизи солона ба муҳлати 10 сол дода мешавад», — тазаккур дод Раиси БДА «Амонатбонк».

Ба гуфтаи номбурда, нафароне, ки мехоҳанд аз «Амонатбонк»  қарзи ипотекӣ бигиранд, бояд маблағи шахсии худро дар ҳаҷми 30 фоизи арзиши манзил чун саҳм гузоранд. Мизоҷони бонк метавонанд дарҳол пас аз коркарди пурраи қарз ба манзил кӯчанд, ки ҳамчун гарав хизмат мекунад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки манзили муштарии бонк танҳо пас аз пардохти пурраи қарз ба қайд гирифта мешавад, ки қаблан он моликияти «Амонатбонк» хоҳад буд. Қарзи  ипотекиро на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ метавон дарёфт кард. Қаблан «Амонатбонк» 34 нафар кормандони бонкро бо пешниҳоди қарзи ипотекӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин намуд.

Бояд гуфт, ки қарзи ипотекӣ як намуди қарзест, ки барои хариди манзил пешбинӣ мешавад. Ин намуди қарз ба мизоҷон бо иҷрои уҳдадорӣ ва шартҳои муайян пешниҳод мегардад.

Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешниҳоди қарзи ипотекӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳанӯз 14 сол муқаддам, соли   2008 Парлумони  Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»-ро қабул намуда буд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 23, 2022 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст