Ҳашт нафар паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» оид ба дзюдо иштирок мекунанд

Июль 13, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 июл дар шаҳри Загреби Хорватия Мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 оид ба дзюдо баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 8 нафар паҳлавонон муаррифӣ мекунанд, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ба ҳайати дастаи мунатахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо шомил мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 10 июл Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — «Grand Slam Hungary 2022» баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён ба гирифтани ҷои ҳафтум шарафёб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар дуюмин мусобиқаи интихобии олимпӣ 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 давлат ширкат карданд. Аз ҷумла, аз ҷумҳурии мо 5 нафар – Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ба Будапешт сафарбар гардида буданд. Варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал шаванд, аммо Беҳрӯз ва Комроншоҳ ҷои ҳафтумро гирифтанд.

Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 15-уми Июл | Ҷумъа
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг;
Мардон: -60 кг, -66 кг

Рӯзи 2 | 16-уми Июл | Шанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -63 кг, -70 кг;
Мардон: -73 кг, -81 кг

Рӯзи 3 | 17-уми Июл | Якшанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -78 кг, +78 кг;
Мардон: -90 кг, -100 кг, +100 кг

P.S. Оғози рақобатҳо ба вақти Душанбе аст.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Июль 13, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад