Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон: «Дар таътили тобистона ба китобхонии фарзандон низ бояд таваҷҷуҳ кард!»

Июль 10, 2022 10:59

 ДУШАНБЕ, 10.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ба охир расидани  имтиҳонҳои гузаштан аз синф ба синф марҳилаи таътили тобистона шуруъ гардид. Барои фарзандони мо зери мафҳуми  «таътил» сайру саёҳат дар ҳавои тоза, бозиҳои варзишӣ, тамошои ҷойҳои таърихӣ ва албатта, хониши китобҳои бадеӣ дар назар дошта мешавад. Бовар дорам, ки дар давраи таътили тобистона, падарону модарони азиз, дар баробари таъмини шоистаи истироҳати фарзандон, барои дастрасии онҳо ба китобҳои бадеӣ ғамхорӣ намуда, дар ташаккули мусбати шахсияти онҳо саҳм мегузоранд. Ин матлабро сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавзуи чи гуна ба роҳ мондани таътили тобистонаи хонандагон иброз дошт.

«Маънои луғавии  «таътил» мураххас шудан, яъне истироҳат кардан аст. Аммо истироҳат чист ва мо зери ин мафҳум чиро дар назар дорем? Ин мафҳум аз бисёр ҷиҳат ба ҷаҳонбинӣ ва сатҳи донишу заковати мо вобастагӣ дорад. Ёдоварӣ аз хониши китобҳои бадеӣ дар ин навишта беҳуда нест, зеро ҳеҷ истироҳат ба лаззати маънавие, ки инсон пас аз мутолиаи китоби бадеӣ дарёфт мекунад, баробар нест. Дар замоне, ки кишвари мо ба кадрҳои баландихтисос дар ҳамаи соҳаҳои фанноварӣ ниёз дорад, мутолиаи китобҳои бадеӣ аҳамияти вижа ба худ мегирад», — мегўяд  Ғазалшоҳ Сафарзода.

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки «Ҳакиме беҳуда нафармудааст: «Дар кишваре, ки Шекспир надорад, ҷустуҷӯи Нютон кори беҳуда аст». Ин ба он маъност, ки хониши китобҳои бадеӣ дар зеҳни хонандагон роҳро ба сӯи донистани илмҳои дигар боз мекунад, таҳкурсии аввалини илмҳои дақиқро мегузорад, завқи ихтирооти аҷибро дар ботин таҳрик мебахшад».

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон  шарҳ дод, ки  «ба таври маҷозӣ аввалин ихтироъкорони ҳавопаймоҳо онҳое буданд, ки афсонаи «гилеми паррон»- ро бофта буданд.   «Мурғи сухангӯ»  ҳамин радио ва «Ҷоми Ҷам»-и афсонавӣ  «интернет» аст. Яъне, орзуву омоли инсонист, ки рафта- рафта бо рушди илму фанноварӣ ба воқеият пайваст мешавад. Он чӣ овардем, як намунаи содаи замина гузоштани китобҳои бадеӣ барои илмҳои дақиқ аст ва ба он метавон асарҳои фантастикиро ҳам илова кард».

«Илова бар он чӣ гуфтем, бояд донист, ки китобҳои бадеӣ омӯзгорони бемузду беминнате ҳастанд, ки инсонҳоро аз ҷиҳати ахлоқӣ тарбия мекунанд, барои шинохти мавқеи худ дар ҷомеа роҳнамо мешаванд, дар шинохти нек аз бад кумак мерасонанд, худшиносии миллиро таҳким мебахшанд ва ҳифзи арзишҳои миллиро бо беҳтарин навъ талқин менамоянд»,- таъкид намуд ў.

Тибқи иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода,   шуъбаҳои маориф дар ин давра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандагонро барои истироҳати ҷисмониву маънавӣ ба лагерҳо ҷалб намоянд.

-Дар ҳудуди вилоят барои наврасон чунин ҷойҳои истироҳатӣ хеле зиёданд. Дар назди муассисаҳои таълимӣ низ маконҳои фароғативу таълимӣ мавҷуданд, ки фарзандонро бо оғӯши боз пазиро гардида, мавсими тобистонаи онҳоро рангину шавқовар хоҳанд кард, -илова кард ў.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

P.S: Бо пешниҳоди ҳамсуҳбати мо дар зер  руйхати адабиётҳои тавсиявӣ барои хониши бадеии хонандагони синфҳои 5 ва 6 пешниҳод мегардад.

Синфи 5

Кароматуллоҳи Мирзо “Хонаи Бобо”. “Маориф”.

“Аҷоибот (аз “Афсонаҳои халқи тоҷик “). “Маориф”.

“Хаёлпараст“ (аз “Афсонаҳои халқи тоҷик”). ”Маориф”.

Абдусаттори Раҳмон “Чаро ман аз ҳама хурд“ (назм).

“Афсонаҳои халқи тоҷик“, ҷилди 4. “Маориф“.

“Афсонаҳои халқи тоҷик“, ҷилди 5. “Маориф“.

Гулназар Келдӣ “Ворон и хвастливый гриф“ (наср).

Н. Салоҳиддинзода “Свяшенные символы Родина”.

Бурҳон Салмон “Асал“ (наср).

Абдуғаффори Абдуҷаббор “Писараки пистафурӯш” (наср)

Муҳиддин Фарҳат “Ангури тагобӣ” (наср)

Бобо Ҳоҷӣ “Диёри ман” (назм).

Акобир Шарифӣ “Шодии мактабравӣ” (назм).

Абулқосим Фирдавсӣ. Достони “Ҳафт хони Рустам“. ”Маориф “.

Абулқосим Фирдавсӣ. Достони “Каюмарс ва авлоди ӯ”. ”Маориф”.

Абулқосим Фирдавсӣ. Достони “Сиёвуш“. “Маориф”.

Абулқосим Фирдавсӣ. Достони “Разми Исфандиёр”. ”Маориф”.

Ҷӯра Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон “Тазкираи мухтасари назми муосири бачаҳо”. “Маориф”.

Абулқосим Фирдавсӣ. Достони “Рустам ва Суҳроб”. ”Маориф”.

Аттори Нишопурӣ “Панднома“.

Бадриддин Ҳилолӣ “Гулчини ашъор “.

Садриддин Айнӣ. Повести “Одина “.

Эраҷ Мирзо “Модарнома”.

Адабиёти дар таътили тобистона тавсияшаванда:

Абдуррауфи Фитрат “Бародари меҳрубон”.

Низомии Ганҷавӣ “Хайр ва Шар“.

Назми таълим барои толибилмон “Одоб-ул-мубин”. ”Маориф”.

Раҷабалӣ Аҳмадов “Қиссаҳои Ҷамшед”.

А.С. Пушкин “Қиссаҳои Шоҳ Султон”.

Синфи 6

“Пандномаи Саъдӣ”. “Маориф”.

Н.Салоҳиддинзода “Муқаддасоти Ватан“ (наср)

Азизи Азиз “Аз ҳама болотар, Барф“ (наср)

“Коллектив” (Афсонаҳои халқи тоҷик”). ”Маориф”.

Қурбон Алӣ “Яккаписар “.

Фазлиддин Муҳаммадиев “Рӯзи дафнии Усто Оқил”.

Азизи Азиз “Қиссаҳои айёми таътил “, қисми 1.

Ҳаким Карим “Марҳабо баҳор“.

Н.Салоҳиддинзода “Биё, шоҳмот мебозем”. ”Маориф”.

“Оинаи ҷаҳоннамо”(аз “Афсонаҳои халқи тоҷик“). ”Адиб”.

“Мебояд дид ё мебояд писандид“. “Маориф”.

Азизи Азиз “Қиссаҳои айёми таътил “, қисми 2.

Равшани Махсумзод “Дили модар“.

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ “Бадоеъ — ул –вақоеъ”.

Мӯъмин Қаноат. Достонҳои “Тоҷикистон – исми ман”. ”Гаҳвораи Сино”.

Ғанӣ Ҷӯразода “Рахсеб”.

Ҷалол Икромӣ “Устоди ман, мактаби ман, худи ман”.

“Чӣ? Кай? Дар куҷо?”.

Бародарон Гримм “Навозандагони Бременӣ”.

Ҳикояҳо аз “Чаҳор мақола”.

А.С.Пушкин “Духтари капитан “. “Адабиёти бачагона”.

Юсуфҷон Аҳмадзода “Офтоби ман “. “Маориф”.

Адабиёти дар таътили тобистона тавсияшаванда

 Убайди Зоконӣ. Рисолаи “Дилкушо“. ”Маориф”.

“Сад панди Луқмони Ҳаким ба фарзанди арҷманд”. ”Маориф”.

Фаридуддини Аттор “Панднома”. “Маориф”.

Г.Н.Троеполский “Бими сафеди сиёҳгӯш”.

Азизи Азиз “Қиссаҳои айёми таътил “, қисми 3.

 

Июль 10, 2022 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Хатлон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ 987 медал ба даст оварданд
Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?
Дар шаҳри Ҷинан мулоқоти намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид
Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Чин мераванд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд