БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони мактаб ва синфхонаҳои нав ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 07.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои навсозию бунёдкорӣ идома дорад. Аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ дар бинои 8 синфхонаи иловагии Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №43 ба номи Тӯлқин Хоҷаназарови деҳаи Хӯҷамбердиев, Ҷамоати деҳоти Ошоба ва бинои 8 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №52-и Ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Сарваки ноҳия оғоз гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни гузоштани санги асос дар биноҳои мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муяссар Ҳайдарзода ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ инчунин собиқадорони меҳнат, омӯзгорону хонандагон ва фаъолони деҳа ҳузур доштанд.
Бунёди синфхонаҳои иловагӣ ба таври дастҷамъона собит месозад, ки сиёсати Пешвои муаззами миллатро мардуми ноҳия ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Дар умум бунёди 16 синфхонаи иловагӣ – бо фарогирии 156 метри мураббаъ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Ориён аз 4 синфхонаи иловагие, ки дар деҳаи Нурафшон тариқи ҳашар бунёд шудааст, бо шароити омодагӣ ба соли нави таҳсил шинос шуданд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳоти Ориён бинои муассисаи ибтидоии МТМУ №6 пурра аз таъмири хушсифат бароварда, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ашти болои Ҷамоати деҳоти Ашт бинои мактаби замонавии чаҳорошёна бунёд гардида истодааст.
Бинои кӯҳнаи МТМУ №25 дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Ҳоло саҳни бинои нав пурра сафолакпӯш гардида, оинабандӣ хотима ёфтааст. Бино мувофиқ ба талаботи муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва синфхонаҳо бо таҷҳизотӣ зарурӣ таъмин мегарданд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






