БА ПЕШВОЗИ СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Ашт корхонаи ҷӯроббофӣ бунёд мегардад

Июль 18, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт сохтмони корхонаи саноатии ҷӯроббофӣ ҷараён дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.

Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ аз коргоҳи мазкур боздид намуданд. Коргоҳи мазкур дар шафати роҳи «Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон» бунёд мегардад ва корҳои таҳкурсигузории он оғоз шудаанд.

Зимни боздид раиси ноҳия иброз дошт, ки баъди ба истифода додани коргоҳ 200 нафар бонувон аз 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар 3 баст ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд.

Шуҳрат Муҳаммадзода ба сохтмончиён дастур дод, ки бояд сифати сохтмон ва ҳолати бехатарии кормандон дар мадди аввал гузошта шавад.

Сипас, Шуҳрат Муҳаммадзода ва Баҳриддин Зиёӣ бо фаъолияти Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ориён шинос шуданд.

Зимни мулоқот раиси ноҳия ба масъулин гуфт, ки бо такя ба низоми иқтисоди бозаргонӣ касбҳои замони муосири бозоргир, аз ҷумла IT-технология, оҳангарӣ, муҳосибӣ ва чанде дигарро бояд рушд дод.

Мавриди зикр аст, ки дар маркази таҳсилоти мазкур курси кӯтоҳмудати дӯзандагӣ ба роҳ монад шуда, 7 нафар ба он машғул мебошанд. Дар мулоқот бо дӯзандаҳо Шуҳрат Муҳаммадзода иброз намуд, ки «имрӯз фурсати он расидааст, ки бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоем. Барои рушд додани соҳаи дӯзандагӣ дар ноҳия тамоми имконияти иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Бояд маҳсулоти дохилӣ нархи паст ва сифати баланд дошта бошад ва аз рӯи талабот намунаи маҳсули меҳнат ба маърази тамошо гузошта шавад».

Литсейи мазкур соли 1967 ба фаъолият оғоз намуда, 65 нафар дар он кор мекунанд ва бинои он ҳоло ба навсозӣ ниёз дорад. Дар маркази мазкур 250 нафар хонандагон ҳамасола ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз  як сол онро хатм менамоянд.

Дар Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ ба хонандагон ҳунарҳои тракторчӣ, барқчӣ, рангуборчӣ, челонгарӣ, дӯзандагӣ ва барномасозӣ омӯзонида мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад