Дар Беларус Анҷумани ташкилоти ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид

Июль 18, 2022 16:59

ДУШАНБЕ, 18.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 17 июл дар Хонаи ҷумҳуриявии ҷавонон дар шаҳри Минск ва Витебски Ҷумҳурии Беларус Анҷумани ташкилоти ҷавонони кишварҳои узви ИДМ «Вектор барои оянда» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода хабар дод.

Дар кори Анҷуман ташкилоти ҷавонони кишварҳои узви ИДМ — Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Анҷумани ташкилоти ҷавонони кишварҳои узви ИДМ платформаи ҳарсолаи байналмилалии коммуникатсионӣ дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва татбиқи сиёсати ҷавонон дар кишварҳои ИДМ буда, шакли кории он дар ду сиға: фосилавӣ ва ҳузурӣ идома ёфт.

Зимнан масъалаҳо вобаста ба амалигардонии сиёсати ҷавонон ва дигар лоиҳаҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Аз ҷониби Тоҷикистон муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода дар кори Анҷуман ба таври фосилавӣ ширкат варзида, барои баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори сипос намуд.

Умед Раҳимзода зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳамеша дар маркази диққати Роҳбарияти олии мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди неруи зеҳнии ҷавонон, соҳибкасбу соҳибилм гардидани қишри ояндадори ҷомеа ва барои дар фазои созанда ба воя расидани ин насл шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, барои дастгирии ҷавонон Стипендия ва Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва Стипендияи дурахшандагон барои ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда таъсис дода шудаанд.

«Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо истифода аз имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат сидқан пайи омӯзишу фаъолият буда, дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми арзишманд мегузоранд ва дар арсаи ҷаҳонӣ кишвари хешро муаррифӣ менамоянд», — афзуд Умед Раҳимзода.

АКС: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Июль 18, 2022 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд