Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ихтисоси маркетинг дар комплекси агросаноатӣ ба роҳ монда мешавад

Июль 20, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ояндаи наздик ба роҳ мондани ихтисосҳои маркетинг дар комплекси агросаноатӣ, экологияи агросаноатӣ (кишоварзӣ) ва якчанд ихтисоси омӯзгорӣ, ба монанди забони русӣ ва тарҷумонӣ, психология ва коргузорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Ректори донишгоҳи мазкур Муъмин Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».   

Зикр карда шуд, ки дар ҳашт факултети донишгоҳ  аз рӯи 39 ихтисос мутахассисон омада карда мешаванд ва вобаста ба талаботи бозори меҳнат давоми 5 соли охир 22 ихтисоси нав ҷорӣ гардиданд. Аз ҷумла,  ихтисосҳои идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забони англисӣ, назарияи иқтисодиёт ва логистика ба соли таҳсили 2021-2022 рост меоянд.

Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар 61 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 12 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони чинӣ машғулият гузаронида мешавад.

Бо мақсади ҳавасмандкунии омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забони англисӣ машғулият мегузаронанд, ба андозаи 20% музди маош баланд бардошта шуд.

Раёсати донишгоҳ раванди корҳои ободонию бунёдкориро вусъат медиҳад. Дар ин замина ҳоло сохтмони бинои нави таълимӣ барои 700 ҷой пурра ба охир расида, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои мазкур бо лавозимоти муосири таълимӣ ҷиҳозонида мешавад. Корҳо ҷиҳати сохтмони маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ҳамзамон раёсати донишгоҳ лоиҳаи бунёди хобгоҳи донишҷӯён ва бинои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорону кормандонро ба нақша гирифтааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Июль 20, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд