Дар Фарғона вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон доир шуд

Июль 18, 2022 08:26

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 16 июл дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон омода шуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 18, 2022 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд